Истифодаи самараноки замин, бунёди боғу токзорҳои нав имкон дод, ки дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб афзун гардида, дар баробари таъмини бозори дохила ҳамчунин содироти он зиёд карда шавад. Дар вилояти Суғд дар давоми чор моҳи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти меваи хушк, обҳои рангаи ташнашикан, афшураю мураббо ва дигар намуди кансерваи меваю сабзавот афзоиш ёфтааст. Имрӯзҳо дар маҷмӯъ аз вилояти Суғд ба зиёда аз 30 давлати дунё молу маҳсулот содирот карда мешавад.
