Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади ташвиқи китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати наврасону ҷавонон ва аҳолӣ гузаронида шуда, таи 7 соли баргузорӣ собит намуд, ки завқи китобхонӣ нерӯи зеҳнӣ, суханвару сухандонӣ, қобилияти эҷодӣ ва ҷаҳони маънавии иштирокдорони он рӯ ба рушд овардааст. Соли ҷорӣ низ Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, имрӯзҳо даври шаҳру ноҳиявии он оғозу идома дорад. Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Хуҷанд низ оғоз гардид, ки дар он 400 нафар ғолибони даври аввал ширкат менамоянд.
