Сокинони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба масъалаи истифодаи босамари замин, ки омили асоси дар самти истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар ин самт ҷиҳати тадбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон дар заминҳои наздиҳавлигӣ анвои гуногуни зироати кишоварзӣ кишт намуданд ва нақша доранд, ки аз як қитъаи замин ду се маротиба ҳосил ба даст оваранд.
