10.06.2026 04:30

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи равияҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бахшида ба “35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Тавоно бувад ҳарки доно бувад” баргузор гардид. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар олимпиадаи мазкур аз 46 муассисаи таҳсилоти олии кишвар беш аз 400 нафар донишҷӯ ширкат варзида, донишу маҳорати худро аз рӯи 15 ихтисос месанҷанд.