Даври вилоятии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» бо иштироки 60 нафар ҳунармадон дар Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор гардид. Озмуни мазкур ки аз рӯи бахшҳои беҳтарин ҳунари қаннодӣ, дузандаю бофанда, коркарди чӯб ва металу маснуоти тайёр аз он баргузор гардид.
