Ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ омили муҳими мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб ва таҳдидҳои замони муосир аз ҷумла терроризму ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Оромӣ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Тарғиб намудани ҳиссӣ ватандӯстиву эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳанги миллӣ дар байни наврасону ҷавонон яке аз вазифаҳои асосии падару модарон ва омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Бо ифтихор ва сарфарозӣ метавон гуфт, ки миллати сарбаланди тоҷик дар раванди ҷаҳонишавӣ пешсаф аст, ки далели воқеии хештаншинос будани халқи тоҷик ба шумор меравад.
