10.06.2026 04:31

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба волейбол бахшида ба гиромидошти Аҳмадхӯҷа Эшонов, ки дар рушди варзиш ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ саҳм гузоштааст, баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 10 даста аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, байни ҳам сабқат карданд.