10.06.2026 04:38

Дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 50-солагии фаъолияти илмиву эҷодии профессор Султоналӣ Худойбердиев конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Рушди мусиқии суннатӣ дар даврони Истиқлол» баргузор гардид. Ба таъкиди баромадкунандагон фаъолияти пурсамари ин марди ҳунар буд, ки имрӯз шогирдони зиёд дар ҷодаи санъат ба камол расида, дар рушди санъати мусиқӣ, муаррифии фарҳангу ҳунари миллати тоҷик саҳми шоиста гузошта истодаанд.