10.06.2026 04:34

Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун кишвари дорои обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, ёдгориҳои қадима ва дорои фарҳанги бою пурғановат мешиносанд. Аз як ҷиҳат таъриху тамаддуни Тоҷикистон барои сайёҳон ҷолиби диққат бошад, аз ҷониби дигар релеф ва ҷуғрофияи Тоҷикистон барои намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили кӯҳнавардӣ, экологӣ, табобатӣ ва таърихиву фарҳангӣ, мувофиқ аст.