10.06.2026 04:35

Дар пойгоҳи Филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими тантанавии савгандёдкуни сарбозони ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ баргузор карда шуд. Маросими қабули Савганди ҳарбӣ яке аз муҳимтарин рӯйдод дар ҳаёти ҳар як сарбоз маҳсуб меёбад. Зеро аз ҳамин лаҳза наваскарон худро ҳамчун муҳофизи воқеии Ватан эҳсос намуда, уҳдадор мегарданд, ки ба халқу давлат содиқона хизмат намоянд.