10.06.2026 04:30

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид, ки он то санаи 16 май идома меёбад. Баргузории дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи пешқадами корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), гузаронидани соати тарбиявӣ ва маҷлиси падару модарон, инчунин санҷиши дониши ҳуқуқӣ ва маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ шартҳои асосии озмун арзёбӣ мешавад.