10.06.2026 04:26

Дар шаҳри Хуҷанд марҳилаи вилоятии мусобиқаи футбол дар доираи Лоиҳаи “ФУТБОЛ ДАР МАКТАБ” байни наврасони аз 8 то 14 сола ба анҷом расид. Дар ин мусобиқа ки аз моҳи сентябр оғоз гардида буд, зиёда аз 250 даста аз 200 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 9 шаҳру ноҳияи вилоят иштирок намуда, аз байни онҳо 32 дастаи беҳтарин дар марҳилаи вилоятӣ  байни ҳам рақобат карданд.