Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии мураббиҳо, дарёфт ва дастгирии омӯзгорони эҷодкору соҳибистеъдод, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва такмили усулҳои муосири таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ озмуни “Мураббии сол” баргузор мегардад. Дар ҳамин замина дар Муассисаи давлатии “Кӯдакистони Президентӣ»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» доир шуд.
