10.06.2026 04:33

Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Баргузории озмуни мазкур нишод дод, ки ҳамасола сафи иштирокчиёни он афзоиш ёфта, дилбастагии сокинон, хоса насли наврасу ҷавонро ба китобхонӣ қавитар намуда, шумораи дӯстдорони китоб дар ҷумҳурӣ афзоиш меёбад.