10.06.2026 04:30

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ибтикори Кумитаи иҷроияи “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Варзиш қосиди сулҳ!» мусобиқаи варзишии волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаҳои волейболбозон аз 8 муассисаи олии вилоят иштирок намуда, миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.