10.06.2026 04:32

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 ба номи Камоли Хуҷандӣ бо маром идома дорад. Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, пудратчии он ҶДММ «Асл» мебошад. Бинои нави таълимӣ аз 16 синфхона ва утоқҳои корӣ иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.