10.06.2026 04:36

Мавриди истифода қарор гирифтани Маҷмааи варзишии Суғд Арена дар шаҳри Хуҷанд барои рушду оммавияти варзиш заминаи мусоид фароҳам овард. Бо мақсади самаранок истифодабарии толорҳои маҷмааи варзишии мазкур, ҷалби мутахассисони пуртаҷриба ба кор, омода намудани варзишгарони касбӣ ва ба мусобиқаҳои бонуфуз сафарбар намудани онҳо дар ин иншооти замонавии варзишӣ ҷаласаи кории мураббиён, собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд баргузор гардид.