10.06.2026 04:34

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни аҳли меҳнат ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри  Хуҷанд ҳамоиши илмӣ-амалӣ ба ифтихори 75-солагии собиқадори соҳаи молия Карамулло Одилов таҳти унвони «Иқтисодчии соҳибмактаб ва тарғиботчии сермаҳсул» баргузор гардид. Иштирокчиён аз таҷрибаи ғании меҳнатӣ ва мактаби бузурги касбии ӯ ҳамчун намунаи ибрат барои насли ҷавон ёдовар шуда, аз саҳми назарраси ин шахсияти варзида дар рушди соҳаи молия ва омода намудани кадрҳои ҷавон ибрози назар намуданд.