10.06.2026 04:28

Соли 2026 аз таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сад сол сипари шуд. Ба ин муносибат дар Муассисаи давлатии Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи осорхонаҳо дар фарҳанг ва тамаддуни миллӣ” баргузор гардид. Гуфта шуд, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд соли 1926 таъсис ёфта, тӯли як аср ҳамчун маркази гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии осори гаронарзиши таърихиву фарҳангии халқи тоҷик хизмат намуда истодааст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз ин муассиса тавонист ҳамчун макони нигоҳдории ёдгориҳои нодири бостонӣ ва маркази тадқиқотӣ-илмӣ мавқеи устувор пайдо намояд.