Дар қисми ҳарбии 3501, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти намояндаи Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд бо афсарону сарбозон баргузор гардид. Ҳадаф аз чунин чорабиниҳои омӯзишӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб арзёбӣ карда шуд.
