10.06.2026 04:29

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба Панкратион баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ беш аз 600-нафар варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Ин чорабинии варзишӣ бо ташаббуси Федератсияи Панкратиони вилояти Суғд бо мақсади рушди ин намуд, ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба варзиш роҳандозӣ карда шуд.