Ҳар миллату халқият дорои либосҳои миллии худ буда, ба фарҳанги волои ниёгони хеш арҷ мегузорад. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарастии мардуми покнажоди тоҷик аст. Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст.
