Дар қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ бахшида ба фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот бо иштироки аҳли фарҳанг, адибон, омӯзгорон, ҷавонон ва дӯстдорони каломи бадеъ маҳфили адабӣ баргузор гардид. Зикр гардид, ки эҷодиёти Доро Наҷот саршор аз меҳри Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, эҳтироми модар ва тараннуми фарҳангу суннатҳои миллӣ мебошад.
