10.06.2026 04:28

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва намоиш-фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ ин дастгирӣ ва мусоидати ҷавонону сокинон ҷиҳати бо кори доимӣ таъмин намудани онҳо, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад.