10.06.2026 04:32

Корвони журналистон бо иштироки 22 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуданд. Иқдоми муҳими иттилоотию фарҳангӣ таҳти унвони «Суғд дар 35 соли Истиқлолият» бо ташаббуси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадафи асосии он муаррифии дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар замони соҳибистиқлолӣ, шиносои аз пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва инъикоси ободониву созандагиҳо мебошад.