10.06.2026 04:34

“Шабе дар осорхона” бо чунин унвон Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дари худро барои дӯстдорони таъриху фарҳанг боз намуд. Дар ин рӯз сокинон, меҳмонон ва ҳатто сайёҳони хориҷӣ аз нигораҳои таърихие, ки дар осорхона маҳфузанд дидан намуданд. Алҳол дар фонди осорхона беш аз 23 ҳазор нигораҳо нигоҳ дошта шуда, зиёда аз 1500 адади он ба толорҳои намоиши гузошта шудааст.