10.06.2026 04:35

Дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бо ҳузури аҳли илму адаб, дӯстдорони каломи бадеъ ва донишҷӯён, рӯнамоӣ китоби тозанашри нависанда Додохони Эгамзод “Фарзанди офтоб” баргузор гардид. “Фарзанди офтоб”-китоби баччагона буда, бо се забон бо мақсади баланд бардоштани савияи донишии кӯдакон рӯи чоп омадааст.