10.06.2026 04:34

Дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ як майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд. Ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол суръат гирифт. Мавриди истифода қарор гирифтани ин майдончаи варзишӣ имконият фароҳам меорад, ки сокинони варзишдӯст, аз ҷумла кӯдакону наврасон бештар ба футбол машғул шуда, аз байни онҳо футболбозони касбӣ ба воя расанд.