Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ – омили муҳими рушди нерӯи зеҳнии ҷавонон” доир шуд.
Дар кори конференсия таъкид гардид, ки истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ метавонад барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилияти эҷодӣ ва рақобатпазирии ҷавонон мусоидат намояд.
