10.06.2026 04:34

Бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология дар бинои Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ҳамоиши идона баргузор гашт. Зимнан таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд риояи регламентҳои техникӣ, сифати молу маҳсулоти истеҳсолшаванда ва риояи талаботи қонунҳои амалкунадаи соҳавӣ дар мадди аввал буда, кормандони Раёсати Тоҷикстандарт дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти дучанд эҳсос менамоянд.