Имрӯзҳо воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Суғд бештар ба назар мерасад. Ҳамин аст, ки давоми чор моҳи соли равон беш аз 300 ҳазор нафар сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик ба вилояти Суғд ташриф оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, беш аз 70 ҳазор нафар зиёд мебошад. Сайёҳон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва кулу дарёҳо боздид намуда, инчунин бо меҳмоннавозӣ ва урфу одатҳои мардуми тоҷик шинос мегарданд.
