10.06.2026 04:32

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон, раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои беҳтар намудани шароити илмомӯзӣ, соҳиби касбу ҳунар гардидани насли ҷавон, пешгирии падидаҳои номатлуб, ба монанди дур мондан аз таҳсил, пайравӣ ба фарҳанги ғайр, маҳкум намудани падидаҳои терроризму экстермизм дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.