Бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамасола дар кишвар Озмуни ҷумхуриявии «Илм фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Алҳол даври шаҳриву ноҳиявии он идома дорад ва дар ин марҳила беш аз 12 ҳазор нафар иштироку маҳоратсанҷӣ мекунанд.
