Дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангии аҳли санъати Руссия баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин чорабинӣ ба мустаҳакам гардидани муносибатҳои дӯстиву бародарии ду давлат нигаронида шудааст.
