10.06.2026 04:33

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Усули коммуникативӣ ҳамчун воситаи амалисозии муносибати салоҳиятнокӣ дар таҳсилоти муосир» баргузор гардид. Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа, иқтисод ва фарҳанг табдил ёфтааст.