Бо мақсади таъмини муътадилии бозори истеъмолӣ ва пешгирии болоравии беасоси нархи семент, гуруҳи корӣ бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдор ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои мониторингӣ ва фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуд. Зимни боздид аз бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва суҳбат бо соҳибкорону фурӯшандагон масъалаҳои таъмини рақобати солим, риояи қонунгузорӣ ва пешгирии болоравии сунъии нархҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
