Дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, ҷалби бештари ин қишри ҷомеа ба истироҳату фароғат, фароҳам овардани шароити муносиб дар истироҳатгоҳҳо, лагерҳои назди мактабӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар вилояти Суғд ҷаласаи ситоди вилоятии “Тобистон-2026” баргузор гардида, раванди омодагиҳо ба мавсими нави истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон баррасӣ шуд.
