10.06.2026 04:30

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Корвони журналистон” ба ноҳияи Деваштич сафар намуда, бо раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ аз наздик шинос гардид. Кормандони васоити ахбори омма аз иншооти нави иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳои таъмиршуда ва майдонҳои ободу зебо дидан намуда, шоҳиди он гардиданд, ки чӣ гуна ноҳияи Деваштич бо қадамҳои устувор рушд менамояд.