10.06.2026 04:27

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами илмҳои дақиқ ва графикӣ: дурнамо ва тамоюл» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳа иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рушди илмҳои дақиқ, технология ва графикаи муҳандисӣ мубодилаи афкор карданд.