10.06.2026 04:29

Истифодаи оқилонаи замин яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокинон бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ба парвариши навъҳои гуногуни сабзавоту полезӣ машғул буда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифат саҳми арзанда мегузоранд.