10.06.2026 04:28

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар ноҳияи Ашт машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд. Чорабиниҳо бо ҷалби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо роҳандозӣ шуда, тартиби амал ҳангоми сар задани сӯхтор мавриди омӯзиш қарор гирифт.