10.06.2026 04:34

Дар толори варзишии Таги чинори шаҳри Истаравшан мусобиқаи кушоди мактаби варзишии рақами 2-и ин шаҳр оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ, ки давоми ду рӯз идома ёфт, наздик 300 нафар варзишгар аз мактабҳои варзишии шаҳри Истаравшан иштироку маҳоратсанҷӣ карданд.