Пешгирии бемории диабети қанд яке аз масъалаҳое ба ҳисоб меравад, ки дар меҳвари фаъолияти давлату ҳукумат қарор гирифтааст. Аз ҷумла яке аз тадбирҳои муҳиму саривақти ин лоиҳаи «Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» маҳсуб меёбад, ки санаи 28-уми майи соли равон дар маҷлиси Ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
