Корвони журналистон таҳти унвони «Суғд дар 35 соли Истиқлолият» аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки замин ва рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос гардид. Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод бахшида ба ҷашни 35 солагии истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 590 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 610 иншоот бунёд гардидааст.
