Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар ин шабу рӯз қисме аз сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамроҳи фарзандони худ дар обу тобгоҳҳо, ҳавзҳои шиноварӣ ва назди фаввораҳо ба истироҳату фароғат машғул мебошанд. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз сулҳу суббот ва имконоти фароҳамгардида, истироҳату фароғати худро дар фасли гармо хубу хотирмон сипарӣ менамоянд.
