Бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мизи мудаввар дар мавзӯи «Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи орду намак» баргузор гардид. Зимни баргузории семинар гуфта шуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои солимгардонӣ ва ҳифзу нигаҳдории аҳолӣ, пайваста кӯшиш ба харҷ дода, нисбат ба масъалаҳои амнияти хӯрока ва ғизои солим таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд.
