Дар толори бокси Маҷмааи варзишии “Суғд арена”-и шаҳрӣ Хуҷанд айни замон беш аз 100 нафар ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд. Дар ин толори варзишӣ ба муштзанҳо мураббиёни пуртаҷриба машқу тамрин медиҳанд. Мураббиён талош бар он доранд, ки аз байни ин муштзанҳои наврас парчамбардорони кишвар ба воя расанд.
