10.06.2026 04:30

Дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандону масъулини суди вилояти Суғд ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид. Зимни ҳамоиш баромадкунандагон вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишварро муайян менамояд, маърузаҳо намуданд.