10.06.2026 04:33

Дар вилояти Суғд конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид. Дар рафти конфронс олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзида, оид ба технологияи муосири парвариши гандум, пахта, бунёди боғҳои интенсивӣ ва супер интенсивӣ маърузаҳо намуданд.