ТАЪРИХИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ВИЛОЯТ

Телевизиони вилояти Суғд дуюмин шабакаи телевизионӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, 15 декабри соли 1990 ба фаъолият шуруъ кардааст.

Барномаҳои телевизион бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ омодаю пахш шуда, он дар давоми фаъолияти хеш барои инъикоси мавзӯъҳои муҳимми ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва дастовардҳои ҷумҳурию вилоят саҳми назаррас дорад.

Ин шабакаи телевизионӣ ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш ба расонаи хабарии дӯстдоштаи мардуми вилоят табдил ёфт. Маҳз, хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан, ки ҷузъи муҳим ва асоситарини рисолати касбии кормандони Телевизиони вилоят буд, боиси боло рафтани маҳбубияти он гардид. Ҳоло аз ҷониби коршиносони ҳам маҳаллӣ ва ҳам беруна эътироф шудааст, ки дар вилояти Суғд журналистикаи телевизионӣ бо пайдоиши ин телевизион рушди бесобиқа пайдо намуд.

Соли 1992 дар Қасри овозадори  Арбоб Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки телевизиони вилоят рафти баргузории онро пурра сабт намуда, пешниҳоди аҳолии ҷумҳурӣ кардааст. Дар он вақт телевизион ҳанӯз 2-сола буд. Иҷлосияи мазкур дар ҳақиқат тақдирсоз буда, он барои пойдории сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурӣ замина гузошт. Маҳз дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Муҳаррирону мухбирон, коргардонҳо, наворбардорон, танзимгарон ва гуруҳи техникии телевизион маводҳоро мустақиман аз ҷои баргузории Иҷлосия ба тамоми ҷумҳурӣ омода ва пахш карданд. Мардум бесаброна навидҳои тозаро аз рафти иҷлосия интизор буданд. Телевизиони вилояти Суғд нахустин шуда қарорҳои Иҷлосияро ба мардум расонид.

Телевизиони вилоят дар ибтидо тариқи шабакаи Телевизиони Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 соат барномаҳои худро пахш мекард. Баъдан соли 2007 соҳиби шабакаи алоҳида гардида, ба пахши 8 соатаи барномаҳои худ оғоз кард ва ниҳоят моҳи декабри соли 2016 телевизиони вилояти Суғд ба пахши 18 соатаи барномаҳо шурӯъ намуд. Бо ташаббуси роҳбарияти Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, дастгириҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд моҳи октбяри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд мавриди истифода қарор дода шуд. Пешвои миллат дар ҳамон рӯз ба фаъолияти телевизиони вилояти Суғд дар формати дақиқияташ баланди HD оғози расмӣ бахшиданд. Ин рӯйдоди фараҳбахш боис гардид, ки дар телевизиони вилоят ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти наворбардорӣ, тасвирбардорӣ, танзимгарӣ, сабти овоз ва нав карда шуда, студияҳои мутобиқ ба талаботи замон ташкил гардид.

Соли 2019 бошад пахши барномаҳои телевизиони вилояти Суғд тавассути моҳвора (Моҳвора|Yahsat 1a 52,5°E (52,5 дараҷа тӯли шарқӣ)Басомад:11785 МГс.Поляризатсия: уфуқӣ (H). Суръатисимволӣ:27500 Мсим/с.FEC:3/4Модулятсия:8PSK. Моҳвора | NSS12 57°E (57 дараҷа тӯли шарқӣ)Басомад:11552 МГс. Поляризатсия: уфуқӣ (H).Суръатисимволӣ:11700 Мсим/с.FEC:3/4 Модулятсия:8PSK) ба роҳ монда шуд, ки акнун барномаҳои моро дар баробари тамоми сокинони кишвар ҳамватанони бурнунмарзӣ низ имконияти тамошо карданро пайдо намуданд. 

Айни замон телевизион дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мухбирони махсуси худро дорад, ки барои инъикоси саривақтии воқеа ва рӯйдодҳои муҳим мусоидат мекунанд.

Ҳамарӯза  баҳри тамошобинони телевизиони вилояти Суғд барномаҳои гуногун, чун «Ахбор», «Шамими субҳ», “Неделя”, “Соати дидор”, «Ҳадяи зиндагӣ», «Қадамҳои устувор», «Равзаи суханварон», «Ҷаҳони муосир», «Гуфтугӯи мустақим», “Рушд”, «Калтак», «Набзи деҳот», ток –шоу “Назаре ба оина”, “Амният ва ҷомеа” ва чандин барномаҳои дигар омода ва пахш мешаванд.

Бояд гуфт, ки телевизиони вилояти Суғд дар байни бинандагон яке аз маҳбубтарин ва аз ҷиҳати возеҳияти иттилоот рақами якум шуморида шуда, он чун ҳамқадами Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фурсат тавонист симои ҳақиқии хешро дар мазҳари таваҷҷуҳи бинандаи худ пайдо намояд ва рисолати аслии хешро ба иҷро расонад.

Ҳарчанд дар чанл соли охир чунин дастовардҳо насибамон гардид, аммо ин ҳоло ҳам кифоя нест ва мо бояд пайваста рушд кунем. Бинобар ин, роҳбарияти телевизион ва радиои вилоят кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки телевизиони вилоят ҳамеша ҳамқадами замона бошад ва кор дар ин самт мунтазам идома дорад.